Дар хадамоти матбуотии Додситонии кулли Узбекистон марги марди 23-соларо тасдиқ карданд.
Кормандони пулис баъди муроҷиати ҳамсояҳои донишманди узбек, ки гуфтаанд, аз хонаи Қаҳҳоров садои баланд шунида шуд, ба маҳалли ҳодиса рафта, ҷасади ӯро бо захми корд пайдо кардаанд.
Дар робита ба марги донишманд бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шудааст.
Абдулаҳад Қаҳҳоров дар гузашта дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон дарс медод.