Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ дода, ки дар доираи ин парванда 41 кас ҷабрдида эътироф гашта, дар курсии айбдорӣ 12 нафар нишастааст. Ҳамаи онҳо дар "шиканҷа, яъне қасдан расонидани азоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ" муттаҳам мешаванд.
Баррасии парванда боз сурат мегирад.
Ибтидои моҳи сентябри соли гузашта дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад кормандони маҳбаси "№ 1"-и Атбасар фаъоли маданӣ Тимур Данебоевро бо чӯбдасти резинӣ латтукӯб мекунанд.
Дертар худи Данебоев дар шарҳи навор гуфт, дар он аз 20 ҳолати шиканҷааш танҳо яке сабт шудааст.
Тимур Данебоев - сокини шаҳри Остона ва фаъоли шаҳрвандӣ баъди он маъруф гардид, ки талош дошт, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро барои изҳороташ дар бораи "20 ҳазор террорист" дар ҳодисаҳои январии соли 2022 ба додгоҳ кашад.
Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳ Тимур Данебоевро бо айби барангехтани адоват се сол зиндонӣ кард. Ӯро барои ҳарфҳояш дар мавриди танқиди ҳукумат, ҳамлаи Русия ба Украина ва воридшавии неруҳои СПАД ба Қазоқистон дар моҳи январи соил 2022 ба додгоҳ кашиданд.
Тимур Данебоев шомили рӯйхати "зиндониёни сиёсӣ" шудааст. Ин рӯйхатро ҳомили ҳуқуқи қазоқистонӣ тартиб медиҳанд.