Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳ гуфта буд, ки гуноҳи Қудратуллоев бар асоси се банд, ба "Қасдан расонидани осеби ҷисмонии вазнин, ки боиси марг шудааст”, “Қасдан расонидани осеби ҷисмонии сабук”, "Истеҳсол ва нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир" исбот карда шудааст.
Қаблан Додгоҳи олии Узбекистон гуфта буд, ки Қудратуллоеви 52-сола ба “Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ”, “Тамаъҷӯӣ”, “Сохтакории аснод”, “Қаллобӣ”, “Ташкили созмони ҷиноӣ” ва “Пулшӯӣ” ҳам муттаҳам мешавад.
Расонаҳои Узбекистон 3 декабр хабар дода буданд, ки Бахтиёр Қудратуллоев дар Тошканд дастгир ва ба тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон гумонбар мешавад. Вайро ҳамчунин дар нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир низ муттаҳам мекарданд.