Тенизжан Ҷонибеков, раиси кумитаи иҷрои ҷазои Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, Бишимбоев ба зиндоне интиқол дода мешавад, ки низоми сахт дорад.
Қуандиқ Бишимбоев 13-уми май ба ҷурми куштани ҳамсараш Салтанат Нукенова 24 сол зиндонӣ шуд. Додрас гуфт, вазири собиқ ба “куштор бо бераҳмии махсус” ва “шиканҷа” гунаҳкор дониста шуд.
Додгоҳи Остона 26 июн ҳукми Бишимбоевро бетағйир боқӣ гузошт. Вакилони дифои вазири пешин аз додгоҳ хоста буданд, ки банди парвандаи зерҳимояашон аз "куштор" ба "қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ" иваз шавад.
Қуандиқ Бишимбоев ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мансаби вазирӣ расида буд.