Ссылки доступа

Дар як вилояти дигари Русия таксиронии муҳоҷирон манъ шуд


Муҳоҷирон дар вилояти Томски Русия аз ҳаққи кор дар таксӣ, нуқтаҳои ғизои ом ва соҳаи маориф маҳрум карда шуданд.

Раиси вилояти Томск Владимир Мазур дар паёмрасони Телеграм иттилоъ дод, ки ин тасмим "дар комиссияи зиддитеррористӣ бо иштироки бевоситаи намояндагони ақалиятҳои миллӣ гирифта шудааст".

Ҳаминтариқ шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 ноябри имсол ҳақ надоранд, дар соҳаи истеҳсоли маводи ғизоӣ, ғизопазӣ, савдои чакана, таксӣ, тиҷорати меҳмонхонаву тарабхона, интихоби кадрҳо, таъмини амният, таҳсилоти миёнаву олӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо патент кор кунанд.

Қаблан "Агентство" хабар дода буд, ки дар сеяки минтақаҳои Русия, ҳатто дар нимҷазираи ишғолии Қрим низ фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд карда шудааст.

XS
SM
MD
LG