Ин тағйирот фурӯши истироҳатгоҳҳои Иссиқкӯли Қирғизистонро ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медиҳад.
Дар маъмурияти президенти Қирғизистон дар шарҳи қонуни нав гуфтанд, ки тағйироти ахир фурӯши қитъаи заминро ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ иҷозат нахоҳад дод.
Қаблан шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоштанд, ки дар Қирғизистон иншооти истироҳатӣ ё зербиноии сайёҳиро харидорӣ кунанд.
Порлумони Қирғизистон дар миёнаҳои моҳи июни имсол лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкурро қабул карда буд.