Ссылки доступа

Боздошти духтаре, ки хост русҳо Қазоқистонро тарк кунанд


Пулиси шаҳри Алмато духтареро, ки аз русҳо хост, Қазоқистонро тарк кунанд, боздошт кард.

Хабаргузории "КазТАГ" бо истинод ба пулис иттилоъ дода, ки зидди ин сокини маҳаллӣ барои дашном ва таҳқири як миллат тафтишот шуруъ шудааст. Ҳамчунин ба амалҳои гумонбарони дигар низ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.

Қаблан рӯзноманигор Михаил Козачков видеоеро, нашр кард, ки дар он гумонбар русҳоро таҳқир карда, "алафи бегона" меномад ва мегӯяд, агар онҳо дар ватанаш набошанд, эҳсоси роҳаттаре хоҳад дошт.

Ӯ ҳамчунин Ҳитлерро "марди зебо" номида, қазоқистониҳоеро, ки дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ба ҷонибдорӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ мубориза бурданд, танқид кардааст.

Ба гуфтаи Козачков, наворро корбарон ба ӯ фиристода гуфтаанд, Марал Жалелова дар шабакаи иҷтимоии ТикТок мавзуъҳои байнимиллатҳоро ба баҳс мекашад.

XS
SM
MD
LG