Хадамоти матбуотии пулис иттилоъ дода, ки зидди марди гумонбар тафтишот оғоз шудааст, вале гуфта намешавад, ки тафтишот бар асоси кадом банди қонун ҷараён дорад.
Баъзе аз расонаҳо навиштаанд, ки пулис зидди боздоштшуда барои дашном додан санади маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳ фиристодааст.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он марде нисбат ба миллати қазоқ суханҳои қабеҳ зада, мегӯяд, "қазоқҳо ҳайвонҳое ҳастанд, ки наметавонистанд рост истода пешоб кунанд". Мард ин суханҳоро дар посух ба ҳарфҳои ҳамсуҳбаташ, ки гуфт, "қазоқҳо мегӯянд, "Шараф ба Украина!" изҳор медорад.
Наворро телеграм-канали "egov.press" имрӯз нашр карда, аз мақомоти додситонии Қазоқистон даъват мекунад, ки алайҳи мард чора андешанд.