Ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳ, Улан Ҷабборов писари писарамаки раисиҷумҳур Раҳимҷон Ҷабборов аст ва ӯро то 19 август ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Расонаҳо менависанд, Улан Ҷабборов ба он гумонбар мешавад, ки гӯё ба нафаре ваъдаи мансаби давлатӣ дода, дар ивази ин пул гирифтааст.
Ин бори дуюм аст, ки Улан Ҷабборов боздошт мешавад. Бори аввал ӯро моҳи июли соли 2023 бо иттиҳоми фасод боздошт карда буданд. Эрбол Султонбоев, сухангӯи раисиҷумҳур он замон гуфта буд, ки Улан Ҷабборов дар даст доштан дар фаъолиятҳои коррупсионии марбут ба Хадамоти гумрук гумонбар дониста мешавад. Моҳи октябри соли 2023 додгоҳи ноҳияи Биринчи Май Ҷабборов ро ба ҳабси хонагӣ интиқол дод. Дар робита ба ин қазия низ тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин, рӯзи 17 июл расонаҳои хабарии ин кишвари Осиёи Марказӣ хабар доданд, ки додарарӯси раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Қамчибек Тошиев бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст. Дар гузоришҳо ҳарфи аввали исми ӯ A.T.O. нашр шуд.
Манобеи наздик ба раҳбарияти КДАМ ба Радиои Озодӣ боздошт шудани як нафарро бо ин ҳарфҳои аввалия тасдиқ карданд, вале ҷузъиёти бештар надоданд.
Мақомоти Қирғизистон ҳанӯз расман хабари боздоштро таъйид накардаанд. Тошиев ин хабарҳоро шарҳ надодааст.
Намояндаи Додгоҳи ноҳияи Якуми Май ба Радиои Озодӣ гуфт, А.Т.О. камаш ду моҳ ба хабс гирифта шуд. Додгоҳ тафсилот надод ва таъйид накард, ки гумонбар бо Тошиев хешовандӣ дорад.
Ҳафтае пеш додгоҳи ноҳияи Якуми Май гуфт, ки дӯстдухтари ҷияни президент Ҷабборов бо иттиҳоми истеҳсоли маводи мухаддир боздошт шудааст.
Афтандил Собирбеков, дӯстписари Лаззат Нурғоҷоева, ки духтари Давлатбек, бародари хурдии раисиҷумҳур Ҷабборов аст, чанд рӯз пас аз як маросими бодабдабаи хостгорӣ боздошт шуд. Президент маросими боҳашаматро, ки дар интернет боиси вокунишҳои манфии зиёд гардид, танқид намуд.