Ссылки доступа

Сафари давлатии президенти Қирғизистон ба Узбекистон


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 18 июл бо сафари давлатӣ ба Узбекистон меравад.

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи президенти Қирғизистон Муродбек Азимбоқиев хабар додааст, ки дар ҷараёни ин сафар як қатор мулоқоту гуфтугӯҳо бо иштироки раҳбарони ду кишвар анҷом мешавад.

Ҳамчунин маросими ифтитоҳи онлайнии тарҳҳои дуҷониба баргузор хоҳад шуд.

Дар доираи сафари давлатии Ҷабборов рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Узбекистон низ баргузор мешавад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бори охир моҳи январи соли 2023 ба шаҳри Бишкек рафта буд.

XS
SM
MD
LG