Ба гуфтаи Нурбек, марҳилаи аввали озмоиши клиникии доруи мазкур дар одамон бо муваффақият анҷом шуда, дар он 15 мубталои саратон иштирок кардаанд.
Дар марҳилаи аввал беморони гирифтори саратони рӯда, ки яке аз шаклҳои вазнини ин беморӣ аст, ихтиёрӣ иштирок доштанд. Доруи нав гӯиё дар давоми озмоишҳои клиникӣ коромадии худро нишон додааст.
Марҳилаи дувум аз 1 июл оғоз шуда, қарор аст, дар он ҳудуди 3 ҳазор гирифтори шаклҳои гуногуни саратон дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Павлодар иштирок кунанд.
Бино ба омори Вазорати тандурустии Қазоқистон, то охири соли гузашта 218 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба саратон мубтало шуда, беш аз 12 ҳазор кас аз он ҷон бохтааст. Дар Қазоқистон солона тақрибан 40 ҳазор кас ба бемории саратон мубтало мешавад.