Ссылки доступа

Ширинзода Раҷабалиро барои "фотиҳатӯй"-и духтараш ба додгоҳ кашиданд


Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз як ҳолати дигари нақзи қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 13-уми июл, шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, дар манзили истиқоматиаш ба муносибати оиладоршавии духтараш маъракаи "фотиҳатӯй" бо иштироки хешу таборон ва тақдими тӯҳфаҳо баргузор намудааст, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 12, қисми 2 -и қонун дар бораи танзимро дағалона вайрон кардааст.

Банди мазкур 8 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима пешбинӣ кардааст. Ҳамчунин, ба навиштаи сомонаи Раёсат аз ҷониби хешовандони соҳибмаърака бо мақсади худнамоӣ рафти баргузории "фотиҳатӯй" ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст, ки ин амали онҳо боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода Раҷабалӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ин маросими фотиҳаи набераи Сурайё Қосимова, сарояндаи тоҷик будааст. Аксу наворҳое ки Раёсати корҳои дохилӣ дар саҳифаи худ гузоштааст, ба наворҳое, ки Шабнаму Фарзона ва наздиконашон нашр карданд, монанд аст ва онҷо ин ҳунармандон низ дида мешаванд.

Назари Ширинзода Раҷабалӣ то ҳанӯз ба ин қазия дастрас нест. Аз овозхонҳои тоҷик ҳам ном бурда нашудааст.

XS
SM
MD
LG