Додситонии кулли Узбекистон 16 июл гуфт, шаҳрванди Ҳиндустон қабл аз худкушӣ дар номае навишта, ки бо мушкили молӣ рӯбарӯ шудааст.
Ҳиндустонии 61-сола дар Тошканд муваққатан зиндагӣ ва дар як ширкати хусусӣ кор мекардааст.
Ӯ пеш аз марг дар номае бо забони русӣ ва англисӣ навишта, ки бо мушкили молӣ рӯбарӯ шудааст. Вай дар худкушияш касеро гунаҳкор накардааст ва хостааст, ки ҷасади ӯро ба ватан фиристанд.
Ба иттилои додситонӣ, шаҳрванди Ҳиндустон гӯиё дар дохили ҳамоми ширкате, ки дар он кор мекард, рагҳои дасти чап ва гарданашро буридааст.
Додситонӣ таҳқиқи қазияро шуруъ кардааст.