Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бародари як мансабдори пешинро ҳабс карданд


Марат Айтенов, бародари шаҳрдори пешини Чимкенти Қазоқистон Мурод Айтенов баъди нашри видеои рондани ҳамсари собиқаш аз хона ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи шаҳри Остона, ки ин ҳукмро содир кардааст, гуфтанд, Айтенов ҳангоми баҳси хонаводагӣ шаъну шарафи ҳамсари собиқашро паст задааст. Ҳамчунин оромии фарзандонро ба ҳам задааст.

Марат Айтенов дар додгоҳ худро бегуноҳ номида, гуфтааст, баҳси онҳо баъди он шуруъ шуд, ки ҳамсари собиқаш нахост кудаконро ба вай диҳад. Ҳамчунин гуфта, ки нисбат ба ҳамсари собиқаш суханҳои қабеҳ нагуфтааст.

Додгоҳ Марат Айтеновро дар "Амалҳои ғайриқонунӣ дар муҳити хонаводагӣ" гунаҳкор донистааст.

Қаблан Дана Атешова, ҳамасари пешини Айтенов дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки шавҳари собиқаш ӯро ҳамроҳи кудакон иҷборан аз хона берун кард. Атешова видеои ҳодисаро ҳам нашр кард.

XS
SM
MD
LG