Ссылки доступа

Ҷасади модару се духтари бедаракшудаи қирғизро пайдо карданд


Ҷасади духтари 19-сола ва хоҳари 10-солаи ӯ, ки дар натиҷаи омадани сел дар вилояти Ӯши Қирғизистон бедарак шуда буданд, дар рӯдхонаи Шаҳрихон, дар ҳудуди шаҳри Андиҷони Узбекистон пайдо шудааст.

Вазорати Ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дода, ки ҷасадҳоро рӯзи 15 июл, тақрибан соатҳои 14:30 пайдо карда, ба сардхонаи Андиҷон бурдаанд.

Қаблан Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон дар бораи пайдо шудани ҷасади хоҳари 6-солаи ин духтарон дар рӯдхонаи Шаҳрихон хабар дода буд. Ҷасади модари онҳо дар рӯдхонаи "Ак-Буура"-и вилояти Ӯш, дар наздикии марзи Узбекистон пайдо карда шуд.

Рӯзи 14 июл дар натиҷаи омадани сел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ӯши Қирғизистон чаҳор кас, як модар ва се духтараш бедарак шуда буданд.

"Сел ба 15 мошин осеб расонда, ҷамъан 134 бинои зист зери об мондаааст ва 17 бино хароб шудааст", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Дар шаҳру вилояти Ӯш ба далели омадани сел вазъи фавқулода эълом шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳо шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG