Кишоварзони қазоқистонӣ гуфтанд, мехоҳанд 19 июл гирдиҳамоии осоиштаеро баргузор карда, аз мақомот эъломи вазъи фавқулода дар минтақаро ба далели пеш омадани хушксолӣ талаб кунанд.
"Ба мо посух доданд, ки иҷозат нахоҳанд дод. Ҳадафи гирдиҳамоии мо хушксолие буд, ки дар ноҳияҳои ҷанубии Қазоқистони Ғарбӣ ба миён омадааст", - навиштааст як кишоварз аз Қазоқистони Ғарбӣ Саян Байетов 12 июл дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.
Мақомот гуфтаанд, дар маконе, ки кишоварзон барои гирдиҳамоӣ дархости иҷозат кардааанд, он рӯз созмони ҷавонон чорабиниеро баргузор мекунад.
Ба гуфтаи Байетов, онҳо тасмим доранд, рӯзҳои наздик аз мақомот барои баргузор кардани гирдиҳамоӣ дубора дархости иҷозат кунанд.