Додгоҳи ноҳияи Самари Қазоқистон рӯзи 11 июл чаҳор сокини Моралдиро, ки аз 8 майи имсол ба ин сӯ дар ҳабс буданд, озод кардааст. Ду сокини дигари деҳа ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда буд.
Кормандони корхонаи тило, ки дар ҳолӣ бунёдшавӣ аст, ҷабрдида эътироф шуда буданд ва онҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки сокинони Моралдиро бахшиданд. Ҳамчунин аз даъвои ситонидани ҷуброни зарар ба маблағи 6 миллион танга даст кашида шудааст.
Сокинони Моралдӣ чандин сол мешавад, зидди бунёди корхонаи истихроҷи тило дар канори деҳаи худ мубориза мебаранд. Ҳудуди 100 нафар рӯзи 8 майи соли равон ба ҳудуди кон ворид шуда, аз кормандони ширкат талаб карданд, ки онҷоро тарк кунанд.
Ширкати "ВСАМ Продакшн", ки 10 сол мешуд, дар наздикиҳои Моралдӣ корҳои иктишофии экологӣ анҷом медод, соли 2022 тасмим гирифт, дар онҷо корхонаи истихроҷи тилоро бунёд кунад. Аммо сокинони деҳа зидди бунёди корхона ҳастанд.