Ссылки доступа

Ҷабборов бо дабири кулли СММ дар бораи Ғазза ва Украина суҳбат кардааст


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 2 июл дар мулоқот бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар бораи вазъ дар навори Ғазза ва Украина суҳбат кардааст.

Ӯ дар шарҳи ҳаводиси Ғазза гуфтааст, "дар навор ҳуқуқи инсон поймол ва даҳҳо ҳазор зану кудак кушта шудааст".

Ҷабборов дар мавриди вазъи Украина изҳор дошта, ки Бишкеки расмӣ хоҳони ҳар чи зудтари задухӯрдҳо дар Украина аст. Вай ҳамчунн дар бораи вазъи Афғонистон суҳбат карда, онро барои кишвараш муҳим номидааст.

Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон дар сурати дар инзивои ҷаҳонӣ ва бидуни кумакҳои байналмилалӣ мондан дубора ба минтақаи террористӣ, ифротгароӣ ва маводи мухаддир табдил хоҳад ёфт.

Антониу Гутерриш 1 июл дар доираи як сафари расмӣ вориди шаҳри Бишкек шуд. Ӯ баъди Қирғизистон барои иштирок дар саммити кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай озими Қазоқистон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG