Ссылки доступа

Русия Дмитрий Гордонро ғоибона 14 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи низомии шаҳри Маскав рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро дар ғайбаш ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

"Sotavision" иттилоъ дода, ки Гордон дар даъватҳо ба терроризм, паҳн кардани хабари дуруғ дар бораи артиши Русия ва ангехтани бадбинӣ гунаҳкор дониста шудааст.

Ба фарзияи муфаттишон, Гордон гӯиё моҳи марти соли 2022, баъди оғози ҳамла ба Украина дар саҳифаи худ дар шабакаи Ютуб наворҳоеро бо унвони "Муроҷиати Гордон ба русиягиҳо ва белорусиҳо" ва "Шикори Путин" нашру дар бораи низомиёни Русия маълумоти нодуруст паҳн карда, ҳамчунин аз президенти ИМА Ҷо Байден даъват кардааст, ки Русияро ҳадафи зарбаи ҳастаӣ қарор диҳад.

Кумитаи тафтишотии Русия моҳи марти имсол зидди Гордон бар асоси се модда парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ӯро дар "даъватҳои оммавӣ ба оғози ҷанг, барангехтани адовати миллӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ дар бораи амалиёти низомии неруҳои мусаллаҳи Русия" айбдор мекарданд.

Дмитрий Гордон рӯзноманигор, барандаи барномаи "Визити Дмитрий Гордон" ва сардабири сомонаи интернетии "Гордон" аст. Ӯ муаллифи мусоҳибаҳои сершумор бо сиёсатмадорон, фарҳангиён ва варзишагрон мебошад.

XS
SM
MD
LG