Ссылки доступа

Сӯхтор дар ҷангали Юнон: Соҳибкори қазоқ гуфт, барои ҳамкорӣ омодааст


Соҳибкори қазоқистонӣ Даниёр Абдулгазин тасдиқ кард, ки киштии "Персефона I" ва экипажи боздоштшудаи онро дар ҷазираи Гидраи Юнон ӯ кироя карда буд.

Абдулгазин дар изҳороти соҳибкор, ки дар маҷаллаи "Forbes Kazakhstan" нашр шуд, дар робита ба сар задани сӯхтор дар ҷангали Юнон изҳори таассуф карда, гуфтааст, ки киштии "Персефона I"-ро аз нисфирӯзии 15-уми июн то соати 12-и рӯзи 22-юми июн ба иҷора гирифтааст, то барои худ ва меҳмононаш дар атрофи ҷазираҳои Юнон сайру гашт ташкил кунад.

Соҳибкори қазоқистон таъкид кардааст, ки аз ҷониби хонаводаи ӯ ва меҳмонҳояш ҳеч гуна қонуншикание сурат нагирифтааст, ки боиси сар задани сӯхтор дар ҷангал шуда бошад.

"Мо дар киштӣ қоидаҳои зидди сӯхторро комилан риоя кардем ва ягон кас аз ҳайати киштӣ анҷоми амалеро талаб накардааст, ки боиси сӯхтор шуда бошад", - афзудааст ӯ.

Даниёр Абдулгазин ҳамчунин омодагии худро барои ҳамкорӣ дар рафти тафтиши ҳодиса баён кардааст.

Қаблан OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта гуфта буд, дар миёни мусофирони киштӣ, ки оташбозӣ дар он боиси сӯхтор дар ҷангал шуд, хонаводаи Даниёр Абулгазин низ буданд ва онҳо як рӯз баъд тавассути ҳавопаймои хусусӣ қаламрави Юнонро тарк кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории Афина (ANA), дар робита ба сӯхтор 13 кас дастгир шудааст, вале ҳамаи онҳо худро бегуноҳ номидаанд.

Ягон меҳмони киштии 54-метрӣ, ки арзиши кирояи якҳафтаии он 250 ҳазор евро аст, дастгир нашудааст.

Маҷаллаи "Forbes Kazakhstan" дороии ӯро 380 миллион доллар арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG