Ссылки доступа

Кумаки Қазоқистон ба сокинони селзадаи Қирғизистон


Қазоқистон ба сокинони зарардидаи Қирғизистон дар натиҷаи сел кумаки башардӯстона фиристод.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфт, Қазоқистон ба зарардидаҳо маҳсулоти ғизоӣ ва маишӣ кумак кардааст.

Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Ноокети Қирғизистон 28 июн 9 кас ҷон бохтааст. Тавре маълум шуд, ҳамаи онҳо узви як хонавода будаанд. Ҷустуҷӯи як нафари дигар идома дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ахиран эълом кард, ки 4 тани ҳалокшудаҳо шаҳрванди ин кишвар ҳастанд.

Кормандони наҷот 29 июн беш аз 1300 ҳазор сокини минтақаи селзадарро ба ҷойи бехавф кучондаанд.

XS
SM
MD
LG