Ссылки доступа

Дар як боғчаи Қазоқистон беш аз 30 кудак заҳролуд шудааст


Беш аз 30 кудак дар яке аз боғчаҳои вилояти Туркистони Қазоқистон заҳролуд шудаанд.

Дар Раёсати маорифи Туркистон гуфтанд, ҳодиса 25 июн дар боғчаи "Уалихон"-и ноҳияи Келеси вилоят рух дода, ҷамъан 34 кудаки аз 2 то 5-сола бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, се кудак бистарӣ шуда, боқӣ аз беморхона рухсат гаштаанд.

Департаменти беҳдоштии Туркистон хабар дода, ки тафтиши ҳодисаро шуруъ кардааст.

Пулис дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Боғчаи "Уалихон" ҳудуди 130 тарбиятгиранда дорад.

XS
SM
MD
LG