Пулиси Тошканд хабар дод, ки ҳамлагар Хуршед Аҳмадов қаблан бо ҷурми "Тамаъҷӯӣ" суд шудааст.
Ду ҷавони 21 ва 22-сола, ки дар наздикии маҳалли ҳодиса қарор доштанд, талош кардаанд, ҳамлагарро ором созанд, вале ӯ ба онҳо низ ҳамла карда, осеби ҷисмонӣ расонидааст. Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад ҳамлагар роҳгузареро низ, ки мехоҳад ӯро ором кунад, мезанад.
Зидди Хуршед Аҳмадов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.