Ссылки доступа

Узбекистон қонуни номатлуб эълом кардани шаҳрвандони хориҷиро қабул кард


Порлумони Узбекистон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки тартиби номатлуб эълом кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандиро дар он кишвар муайян мекунад.

Хадамоти матбуотии порлумони Узбекистон зарурати қабули чунин қонунро ба "ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар дар шароити ҷаҳонишавии муосир" рабт додааст.

Бар асоси қонун, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ барои "даъватҳои оммавӣ ё амалҳои мухолиф ба истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Узбекистон, барангехтани бадбинии байнидавлатӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодиву мазҳабӣ, паст задани обрӯ, шаъну шараф ва таърихи мардуми Узбекистон номатлуб эълом хоҳанд шуд.

Қонун пешбинӣ кардааст, ки вуруди ингуна шахсон ба Узбекистон ба муҳлати 5 сол манъ карда шавад. Ҳамчунин онҳо ҳаққи кушодани ҳисоби бонкӣ, хариди амволи ғайриманқул ва иштирок дар хусусигардонии амволи давлатиро дар Узбекистон нахоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG