Ба иттилои додгоҳ, муҳлати ҷазои Бекназар Боругул уулу бар асоси фармони президенти Қирғизистон "Дар бораи афви маҳбусон" аз 31 январи имсол 4 солу 2 моҳ кам карда шудааст ва дар натиҷа ӯ пеш аз муҳлат озод гаштааст.
Бекназар Боругул уулуро додгоҳи Норин ибтидои моҳи январи имсол барои иштирок дар ҷанги зидди Украина дар ҳайати Ширкати хусусии низомии "Вагнер" 5 сол зиндонӣ карда буд.
Хабари боздошти сокини 27-солаи вилояти Норини Қирғизистон моҳи августи соли 2023 нашр шуда буд. Ӯро барои дар ҳайати "Вагнер" зидди Украина ҷангидан боздошт карда буданд. Шаҳрванди Қирғизистон пештар дар Русия зиндонӣ буд ва аз зиндон ба сафи "Вагнер" пайваст. Вай баъди иштирок дар ҷанги зидди Украина ба Қирғизистон баргашт ва боздошт шуд.
Додгоҳ ӯро бо моддаи "Иштироки шаҳрванди Қирғизистон дар низои мусаллаҳона ва ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди кишвари дигар ва ё омодагӣ барои анҷом додани амали террористӣ" зиндон кард.