Ссылки доступа

Як шаҳрванди Узбекистон ҳамватанашро ба ҷои Амрико, ба Африқо фиристодааст


Сокини вилояти Ҷизахи Узбекистон, ки як ҳамватани худро ба ҷои Амрико ба Африқои Ҷанубӣ фиристодааст, дастгир шуд.

Ба иттилои пулис, сокини маҳаллаи "Хайробод"-и вилоят И. М. шикоят кардааст, ки А. Я. аз ноҳияи Шараф-Рашиди Узбекистон бар ивази 14,3 ҳазор доллар писари ӯ М. Т.-ро ба ҷои Амрико ба Африқои Ҷанубӣ фиристодааст.

Ба гуфтаи И. М., писари ӯ дар Африқои Ҷанубӣ дармондааст ва гумонбар барои ҳалли "мушкил" боз 6700 доллари дигар талаб кардааст. А. Я.-ро ҳангоми гирифтани пул дастгир карданд.

Зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар расонаҳо навишта буданд, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG