Ссылки доступа

Олмон мехоҳад афғонистониҳоро тавассути Узбекистон бозпас фиристад


Мақомоти Олмон бо Тошканди расмӣ имкони бозпас фиристодани афғонистониҳоро ба ватан тавассути Узбекистон баррасӣ мекунанд.

Хабаргузории "Bloomberg" навишта, ки як ҳайати олмонӣ моҳи майи имсол барои баррасии "масъалаи муҳоҷират" ба Тошканд рафтааст. Ба иттилои манбаъ, гуфтугӯҳо дар ин самт ҳанӯз ба поён нарасидаанд.

Ин гом ба Берлин имкон медиҳад, ки бо намояндагони гуруҳи "Толибон" мустақиман гуфтугӯ накунад.

Интизор меравад, Берлин як гуруҳи афғонистониҳои ихроҷшударо ба Узбекистон фиристад ва сипас онҳоро аз онҷо ба ватан мефиристанд.

Ҳукумати Узбекистон ин идеяро баррасӣ мекунад, вале мехоҳад дар иваз ба шаҳрвандонаш иҷозати қонунии кор дар Олмон дода шавад.

Манбаи "Bloomberg" гуфтааст, қарор аст, намояндаи махсуси ҳукумати Олмон дар умури муҳоҷират барои идомаи баррасии масъала ба Узбекистон биравад.

XS
SM
MD
LG