Хадамоти матбуотии “Узбекистон темир йуллари” иттилоъ дода, ки ин ниҳод, “Темирйулэкспресс” ва Hyundai Rotem дар бораи харидорӣ ва хидматрасонии техникии қатораҳои барқӣ барои масири нави тезгарди “Тошканд-Ургенч-Хива” созишномаеро ба имзо расондаанд.
Қаблан президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармони харидории 6 қатораи барқии тезгардро дар якҷоягӣ бо Бунёди рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои Куриёи Ҷанубӣ (EDCF) имзо карда буд. EDCF барои харидории ин қатораҳо 185 миллион евро ба муҳлати 35 сол ҷудо мекунад.
Қатораи барқӣ бо пешниҳоди Мирзиёев “Ҷалолуддин Мангубердӣ” номгузорӣ хоҳад шуд.