Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ба истихроҷи уран дубора иҷозат доданд


Вакилони порлумони Қирғизистон 13 июн дар қироати севум лоиҳаи қонун дар бораи бекор кардани моратория ба иктишоф ва коркарди конҳои урану торийро дар ин кишвар қабул карданд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ба порлумони Қирғизистон Девони вазирони ин кишвар пешниҳод кардааст.

Дар шарҳи пешниҳод гуфта шуд, ки истихроҷ ва содироти маъданҳои фоиданок, аз қабили урану торий, дар сурати риояи қатъии меъёрҳои экологӣ ҳангоми коркард метавонад ба ҷузъи муҳими иқтисоди Қирғизистон табдил ёбад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам гуфта буд, ки қонуни манъи коркарди конҳои уран дар кишвараш бояд бекор карда шавад.

Ба гуфтаи вай, дар кони Қизил-Омпол наздики 14 млн 757 ҳазор тона маъдан мавҷуд аст. Аз он 95%-ро титаномагнетит, 3%-фосфор, 2%-ро сирконий, 0,22%-ро торий ва 0,17%-ро уран ташкил медиҳад.

Порлумони Қирғизистон 2 майи соли 2019 дар пайи эътирози сокинон ба қарори ҳукумат дар бораи тасмими истихроҷи уран дар кони Қизил-Омполи вилояти Иссиқкӯл истихроҷи уранро дар он кишвар манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG