Додгоҳи олии Қазоқистон хабар дод, ки мубтало шудани худи мард ба ВИЧ соли 2015 ошкор шудааст ва табибон ӯро огаҳ кардаанд, ки агар табобат нагирад ва дигаронро ба ин вирус олуда созад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Мард солҳои 2016-2023 бо зане зиндагӣ карда, мубтало шудани худро ба ВИЧ пинҳон доштаааст. Дар натиҷа зан низ ба ин вирус мубтало шуда, дертар даргузаштааст.
Гумонбар дар додгоҳ гуноҳро ба гардан нагирифтааст.
Додгоҳ мардро ба 4 соли зиндон ва табобати иҷборӣ маҳкум кардааст.