Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ронандагони дучархаҳои барқиро барои нақзи қоидаи ҳаракат ҷарима мекунанд


Президент Содир Ҷабборов тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳаракат дар роҳҳои Қирғизистон"-ро имзо кард, ки тибқи он, ронандагони воситаи нақлиёти инфиродӣ барои нақзи қоидаҳои ҳаракат ҷарима хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дода, ки ба воситаи нақлиёти инфиродӣ дучархаҳои барқӣ ва скутерҳо дохил мешаванд.

Барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 1000 сом ҷарима ва барои дар ҳолати мастӣ рондан 3000 ҳазор сом ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин ронандагони воситаҳои мазкур набояд аз хатти пиёдагузар савора убур кунанд.

XS
SM
MD
LG