Ссылки доступа

Омодагии Қазоқистон ба тасвиби қарордоди таъсиси "Созмони байналмилалии забони русӣ"


Қазоқистон ба тасвиби қарордод дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ омодагӣ мебинад.

"Лоиҳаи қонун "Дар бораи тасвиби қарордоди таъсиси созмони байналмилалии забони русӣ барои баррасӣ ба палатаи поёнии порлумони Қазоқистон пешниҳод карда шавад", - иқтибос овардааст хабаргузории КазТАГ аз қарори ҳукумати он кишвар.

Лоиҳаи ин қарори ҳукумати Қазоқистон то шоми 11 июн дар баррасии ом қарор дошт.

Қарордод дар бораи таъсиси созмони байналмилалии забони русӣ 13 октябри соли гузашта аз сӯи раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек имзо шуда буд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев соли 2022 дар шаҳри Остона пешниҳод карда буд, ки барои рушд ва дастгирии забони русӣ созмони байналмилалӣ таъсис дода шавад. Президенти Русия Владимир Путин аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG