Ссылки доступа

Ду шаҳрванди Қирғизистон дар даъват ба бетартибии оммавӣ муттаҳам мешаванд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки ду сокини вилояти Иссиқкӯлро бо гумони даъват ба бетартибии оммавӣ дастгир кардааст.

Ба иттилои кумита, шаҳрвандон О.Ж.А. ва М.Б.А. тавассути паёмакрасони "WhatsApp" даъватҳо ба бетартибӣ, бастани роҳ ва ба гарав гирифтани ронандаи мошини ширкашро паҳн кардаанд.

"Шаҳрвандони мазкур дар пайи коҳиши мавсимии нархи шир дар гуруҳе дар "WhatsApp", ки беш аз 1000 узв дорад, навори садоиеро паҳн кардаанд ва он ба харобкорӣ ва ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ даъват мекунад", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Зидди ду сокини Иссиқкул парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG