Ссылки доступа

Муҷозоти 2593 узбекистонӣ барои напардохтани алимент


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон дар семоҳаи аввали соли равон 2593 касро барои напардохтани алимент ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Сухангӯи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов гуфтааст, дар давраи ҳисоботӣ барои напардохтани алимент 35 кас ҷарима ва 2558 касро ҳабс карданд.

Ба гуфтаи Обидов, соли гузашта ҷамъан 8 ҳазору 517 кас барои напардохтани алимент ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиша шуда буд. Аз ин миён, 160 кас ҷарима ва 8357 тани дигар ҳабс карда шудааст.

XS
SM
MD
LG