Сафорати Узбекистон дар Қазоқистон иттилоъ дода, ки ҳодиса 8 июн дар 31-километрии шоҳроҳи "Атирау-Оқтеппа" рух додааст.
Мошине, ки рақамҳои қайди давлатии Узбекистонро дошт, ҳангоми ҳаракат ба самти Русия оташ гирифтааст.
Дар дохили мошин се шаҳрванди Узбекистон қарор доштааст. Дар натиҷаи сӯхтор ронанда осеб надидааст, вале ду мусофири ӯ дар беморхона бистарӣ шудааст.
Дар ҳоли ҳозир шахсияти ронанда ва мусофирони ӯ муайян карда мешавад.