"Аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекунем, ки хештандор бошанд, ҳуқуқи байналмилалро риоя кунанд, аз хушунат ва афзоиши минбаъдаи шумори қурбониён пешгирӣ намоянд", - изҳор доштааст сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон Аҳрор Бурҳонов.
Қаблан хабар дода шуд, ки Узбекистон барои навори Ғазза якуним миллион доллар ҷудо мекунад ва президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев аз ташкили давлати Фаластин ҷонибдорӣ карда буд.
Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи 31-уми май тарҳи оташбас дар Ғаззаро, ки гуфт, аз ҷониби Исроил пешниҳод шудааст, дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твитери собиқ) эълон кард.
Дар бахши аввали тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден, ки аз се марҳила иборат аст, гуфта шудааст, ки бар ивази оташбаси шашҳафтаина нерӯҳои исроилӣ аз минтақаҳои аҳолинишини Ғазза берун мешаванд ва ҲАМОС бар ивази раҳоии садҳо зиндонии фалстинӣ асирони зану солманд ва маҷрӯҳро раҳо мекунад. Оворагони фаластинӣ ба хонаҳои худ бармегарданд ва рӯзе то 600 мошини боркаш бо кумакҳо вориди Ғазза хоҳад шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оворагон бояд дар ин муддат ҳазорон сарпаноҳи муваққатӣ фиристанд. Агар ин марҳила бо муввафақият пеш рафт, ба пешниҳоди Ҷо Байден, онгаҳ тамоми гаравгонҳоро ҲАМОС бар ивази берун шудани низомиёни Исроил аз Ғазза ва эълони оташбаси доимӣ раҳо мекунад. Дар марҳилаи сеюм ҷасади гаравгонҳои фавтида ба Исроил супурда мешаванд ва тарҳи бозсозии Ғазза бо иштироки Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз мегардад.
Пешниҳоди Байден барои оташбас аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милал хуш пазируфта шудааст.
Ҳанӯз поёни ҷанг маълум нест ва Исроил беист аз замину осмон ҳамлаҳои худро ба Ғазза идома медиҳад. Теъдоди кушташудҳо рӯз то рӯз бештар мешавад.