Ссылки доступа

Бузургтарин корхонаҳои давлатии Узбекистон аз имтиёз маҳрум мешаванд


Як қатор ширкатҳои бузурги давлатии Узбекистон аз имтиёзҳои махсусе, ки барои фаъолиятҳои иқтисодиашон ироа шуда буд, маҳрум карда мешаванд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора фармонеро имзо кардааст. Ҳадафи он суръат бахшидани воридшавии ин кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) гуфта мешавад.

Бар асоси фармон, корхонаи «Узметкомбинат» аз ҳаққи истеҳсол ва харидории пораҳои филизҳои оҳанӣ, «Узвторцветмет» аз ҳаққи истеҳсол ва содироти пораҳои филизҳои ранга, «Узтрейд» аз имтиёзҳо барои ҳамлу нақли орд, гандум ва содироти маҳсулоти худ бидуни пешниҳоди кафолати бонкӣ ё бимаи шартномаҳои содиротӣ ва «Узкимёимпекс» аз ҳаққи содироти маҳсулоти кимиёӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ширкати «UzGasTrade» аз 1 июли соли 2026 ягона содиркунанда ва харидори гази табиӣ аз манбаъҳои хориҷӣ хоҳад шуд.

Фармони ахир пешбинӣ мекунад, ки боҷи гумрукӣ дар Узбекистон то 1 августи имсол бо меъёрҳои СҶТ мутобиқ гардонида шавад.

XS
SM
MD
LG