Ссылки доступа

Додситони кулли Қирғизистон нав шуд


Порлумони Қирғизистон номзадии Мақсад Асаналиевро ба мақоми додситони кулли он кишвар тасдиқ кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, ҳамаи 69 вакил номзадии Асаналиевро якдилона ҷонибдорӣ намудаанд.

Номзадии Асаналиевро ба мақоми додситони кулли Қирғизистон президенти ин кишвар Содир Ҷабборов пешниҳод карда буд.

Мақсад Асаналиев соли 2022 додситони шаҳри Ӯши Қирғизистон таъйин шуда буд. Ӯ пештар ба ҳайси додситони ноҳияи Якумаи майи шаҳри Бишкек кор мекард.

Додситони кулли ҳамакнун пешини Қирғизистон Курманқул Зулушев ахиран аз мақомаш истеъфо дод. Сухангӯи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Зулушев бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст.

Зулушев аз моҳи октябри соли 2020 додситони кулли Қирғизистон буд. Вай аз соли 2000 дар мақомоти додситонии ин кишвар кор кардааст. Ӯ солҳои 2015-2020 аз ҳисоби Ҳизби "Ҷумҳурӣ- Отажурт" вакили порлумони Қирғизистон низ буд.

XS
SM
MD
LG