Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон 4 июн бо нашри изҳорте аз ташаббуси сулҳи ИМА истиқбол кард.
"Мо аз ташаббуси сулҳи Кохи Сафед, ки муқаррароти асосии он эъломи оташбас миёни Исроилу Ҳамос, раҳоии гаравгонҳо, расонидани кумаки башардӯстона ва барқарорсозии минбаъдаи навори Ғазза бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, истиқбол мекунем", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи 31-уми май тарҳи оташбас дар Ғаззаро, ки гуфт, аз ҷониби Исроил пешниҳод шудааст, дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твитери собиқ) эълон кард.
Дар бахши аввали тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден, ки аз се марҳила иборат аст, гуфта шудааст, ки бар ивази оташбаси шашҳафтаина нерӯҳои исроилӣ аз минтақаҳои аҳолинишини Ғазза берун мешаванд ва ҲАМОС бар ивази раҳоии садҳо зиндонии фалстинӣ асирони зану солманд ва маҷрӯҳро раҳо мекунад. Оворагони фаластинӣ ба хонаҳои худ бармегарданд ва рӯзе то 600 мошини боркаш бо кумакҳо вориди Ғазза хоҳад шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оворагон бояд дар ин муддат ҳазорон сарпаноҳи муваққатӣ фиристанд. Агар ин марҳила бо муввафақият пеш рафт, ба пешниҳоди Ҷо Байден, онгаҳ тамоми гаравгонҳоро ҲАМОС бар ивази берун шудани низомиёни Исроил аз Ғазза ва эълони оташбаси доимӣ раҳо мекунад. Дар марҳилаи сеюм ҷасади гаравгонҳои фавтида ба Исроил супурда мешаванд ва тарҳи бозсозии Ғазза бо иштироки Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз мегардад.