Ссылки доступа

Таксирони қирғизро, ки иштирокчиёни ҷанги Украинаро фаровард, аз кор ронданд


Ронандаи таксӣ дар шаҳри Маскави Русия се иштирокчии ҷанг алайҳи Украинаро аз мошин фаровардааст.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо ҷурми барангехтани кинаю адоват ва паст задани шаъну шарафи инсон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Хабаргузории "Regnum" аз ронандаи таксӣ Аипбек Латипов ном бурдааст. Ӯ шаҳрванди Қирғизистон аст. Ба гуфтаи Латипов, мусофиронаш он рӯз маст буданд ва ба ӯ суханҳои қабеҳ мегуфтанд. Ҳамчунин шакли пардохти роҳкироро, ки ҳудуди 100 километр буд, аз ғайринақдӣ ба нақдӣ иваз кардаанд.

Шаҳрванди Қирғизистон гуфтааст, ба хотири ҳарос аз он ки пули роҳкироро намепардозанд, онҳоро фаровард. Иштирокчиёни ҷанг ронандаро латтукӯб кардаанд.

Мусофирон ҳамчунин аз ҳамлаи террористии "Крокус" ёдовар шуда, гуфтаанд, "мо ҷанг мекунем, дигарон инҷо омада, пул кор мекунанд ва бегуноҳонро мекушанд".

Ба гуфтаи Латипов, агар ронандаҳои таксӣ мудохила намекарданд, мусофиронаш ӯро ба наздиктарин ҷангал мебурданд.

Раҳбарияти ширкати таксӣ қарордоди ҳамкорӣ бо ронандаи қирғизистониро қатъ кардааст. Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин ба кормандонаш дастур додааст, ки аз рафти тафтишот ва сабабҳои он гузориш диҳанд.

XS
SM
MD
LG