Ссылки доступа

Беш аз 2000 қазоқистонӣ барои барқарорсозии хонаҳояшон ҷуброн дарёфт мекунанд


Беш аз 2 ҳазор сокини Кулсарии вилояти Атирауи Қазоқистон, ки дар натиҷаи обхезиҳо зарар дидаанд, барои дарёфти ҷуброн бо ҳукумат қарордод ба имзо расондаанд.

"Ҷамъан 2087 кас барои дарёфти ҷуброн қарордодро имзо кардааст ва 1582 сокин аллакай ҷубронро дарёфт карданд", - омадааст дар иттилоияи Ситоди фаврии вилояти Атирау.

Ситод ҳамчунин хабар дода, ки сохтмони 100 хонае, ки дар натиҷаи обхезиҳо осеб дида буданд, идома дорад.

Сокинони зарардидаи Кулсарӣ моҳи майи имсол бо талаби ҷуброни муносиб ҳудуди як ҳафта дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ эътироз карданд. Онҳо аз мақомот ба ҷои 200-240 тангаи пешниҳодӣ барои ҳар метри мураббаъ 400-ҳазортангаӣ талаб карданд.

XS
SM
MD
LG