Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қирғизистон як рӯзноманигорро ба додгоҳ кашидааст


Бабанов (аз чап) ва Болотмамбет Ҷээнбеков
Бабанов (аз чап) ва Болотмамбет Ҷээнбеков

Сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов рӯзноманигор Эламан Каримшаков ва бунёдгузори шабакаи фурӯшгоҳҳои "Азия" Болотмамбет Ҷээнбековро ба додгоҳ кашидааст.

Каримшаковдар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки Бабанов аз онҳо якмиллионсомӣ талаб дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин баҳси додгоҳӣ суҳбати рӯзноманигор бо Ҷеенбеков дар робита ба баҳсҳо атрофи шабакаи фурӯшгоҳҳои "Азия" сабаб шудааст.

Бабанов барои ҳимоят аз шаъну шарафи худ ба Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек муроҷиат кардааст.

Худи Омурбек Бабанов қазияро шарҳ намедиҳад.

Видеои суҳбати рӯзноманигор бо Ҷеенбеков 24 апрели имсол дар шабакаи Ютуб нашр шуд. Соҳибкор дар он гуфтааст, шарики пешини тиҷорияш Бабанов ӯро фиреб дода, 50 дарсади саҳмияҳоро ба маблағи 10 миллион доллар аз худ кардааст. Бабанов ин иддаоро туҳмат номид.

XS
SM
MD
LG