Ссылки доступа

Додгоҳ баррасии шикояти рӯзноманигор Ҷамила Маричеваро оғоз кард


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 4 июн баррасии шикояти рӯзноманигор ва муаллифи тарҳи "ProTenge" Ҷамила Маричеваро, ки ба "паҳн кардани маълумоти дуруғ" айбдор дониста шудааст, оғоз кард.

Вакили дифои рӯзноманигор Асел Токаева дар мурофиа ба бегуноҳ будани шахси зери ҳимояаш пойфишорӣ карда, аз додрас хост, ки ӯро сафед кунад.

Додраси парванда Канат Молдашев гуфт, қарори ниҳоӣ дар робита ба ин шикоят 6 июн содир карда мешавад.

Маричева 24 апрели имсол дар шаҳри Алмато дастгир шуд.

Додгоҳи Алмато 13 май Маричеваро дар паҳн кардани маълумоти дуруғ айбдор ва муодили 168 доллари амрикоӣ ҷарима кард. Додрас навиштаи Маричеваро ба ҷонибдорӣ аз бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва даҳҳо хабарнигоре, ки Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ибтидои имсол аз додани парвона ба онҳо худдорӣ карда буд, "паҳн кардани маълумоти дуруғ" номид.

XS
SM
MD
LG