Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, нишон медиҳанд, мурофиа боз баргузор шуда, Қудратуллоев ба суолҳо посух медиҳад.
Дар курсии айбдорӣ 37 кас бо шумули Қудратуллоев, писараш Ихтиёр ва бародари соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Шуҳрат нишастаанд.
Қаблан гуфта мешуд, ки баррасии парвандаи "Бахти Тошкандӣ" 29 май оғоз мешавад, вале бо сабабҳои номаълум ба таъхир афтод.
Хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар дода буд, ки Қудратуллоеви 52-сола ба "Қасдан расонидани осеби ҷисмонии вазнин, ки боиси марг шудааст”, “Қасдан расонидани осеби ҷисмонии сабук”, “Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ”, “Тамаъҷӯӣ”, “Сохтакории аснод”, “Қаллобӣ”, “Ташкили созмони ҷиноӣ” ва “Пулшӯӣ” муттаҳам мешавад.
Расонаҳои Узбекистон 3 декабр хабар дода буданд, ки Бахтиёр Қудратуллоев дар Тошканд дастгир ва ба тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон гумонбар мешавад. Вайро ҳамчунин дар нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир низ муттаҳам мекарданд.
Дертар пулиси Тошканд иттилоъ дод, ки шаш касро бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳо дастгир кардааст ва дар миёни боздоштшудаҳо Ихтиёр Қудратуллоев, писари соҳибнуфузи олами ҷиноии Узбекистон Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" ҳам ҳаст.
Қудратуллоеви 27 сола дар "Тамаъҷӯии гуруҳӣ ба маблағи махсусан калон" муттаҳам аст ва ба ӯ бар асоси ин банд, то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.