Як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст, ин тасмим ба далели ҳамлаи бесарнишинҳои Украина ба ҳудуди Тотористон, ки боиси баста шудани фурудгоҳи шаҳри Қазон гашт, гирифта шудааст.
Ширкат соли 2023 парвозҳоро ба шаҳри Маскави Русия низ баъди баста шудани фурудгоҳҳои шаҳр дар пайи ҳамлаҳои бесарнишинҳо қатъ карда буд.
Ба иттилои бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ, Тотористон аз оғози баҳори имсол аллакай 5 бор мешавад, ки мавриди ҳамлаи бесарнишинҳо қарор мегирад. Охирин ҳамла 31 майи имсол сурат гирифт ва бесарнишинҳо корхонаи коркарди нафт ва ширкати низомии онро ҳадаф қарор дода буданд.