"Додгоҳ Калмухамет Донсебоевро бо дархости муфаттишон ду моҳ ҳабс кард", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии додгоҳи Толдиқурғон.
Қаблан расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дода буданд, ки Калмухамет Донсебоев дастгир шудааст. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, ӯ ба дуздии 1,8 миллиард сом (ҳудуди 4 миллион доллар) дастгир шудааст.
Калмухамет Донсебоев соҳибкор ва президенти ширкати ҳавопаймоии "Жетису"-и Қазоқистон аст. Ӯ вакили маҷлиси шаҳрӣ низ буд ва яке аз онҳоест, ки дар арафаи интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон дар соли 2022 бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Хабари боздошти Донсебоев баъди як изҳороти Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон расонаӣ шуд, ки гуфта буд, дар соҳаи варзиш фасодкориеро ошкор кардааст.