Ссылки доступа

Додситони кулли Қирғизистон истеъфо дод


Курманқул Зулушев аз мақоми додситони кулли Қирғизистон истеъфо додааст.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки Зулушев бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дод.

Ба гуфтаи ӯ, истеъфои додситони кулли Қирғизистонро порлумони кишвар баррасӣ мекунад.

Зулушев аз моҳи октябри соли 2020 додситони кулли Қирғизистон буд. Вай аз соли 2000 дар мақомоти додситонии ин кишвар кор кардааст. Ӯ солҳои 2015-2020 аз ҳисоби Ҳизби "Ҷумҳурӣ- Отажурт" вакили порлумони Қирғизистон низ буд.

Зулушев ҳамчун додрасе машҳур аст, ки баъди тазоҳуроти соли 2012 дар шаҳри Бишкек се сиёсатмадорро бо шумули президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сафед кард.

XS
SM
MD
LG