- Трампро гунаҳкор карданд. Худаш гуфт, "марди бегуноҳам". Ҳайати ҳакамони додгоҳи Ню-Йорк 30-юми май Доналд Трампро ба сохтакории санадҳо барои пинҳон кардани пули ҳаққи сукут ба ситораи филмҳои порнографӣ, Сторми Даниелс, муҷрим эълон кард. "Ин як шармандагӣ аст," – гуфт Доналд Трамп дар ҷавоб ба қарори додгоҳ ва афзуд, "ман як марди бисёр бегуноҳам." (видео)
- Чаро нархи таксӣ дар Русия гарон мешавад? Вакилони мардумӣ дар Русия бори дигар манъи кори муҳоҷиронро дар бахши мусофиркашонӣ матраҳ карданд. Масъулони хадамоти таксӣ мегӯянд, чунин иқдом нархи роҳкироро баланд кард. (видео)
- "Сел хонаву киштзорҳоро нобуд кард. Додамонро ба кӣ гӯем?" Ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки танҳо дар моҳи май селу обхезӣ дар ин кишвар бештар аз 400 нафарро куштааст. Танҳо дар вилояти Бадахшон 10 узви як оила ҷон додаанд ва ҳеч касе аз хонавода зинда намондааст. Дар ин миён бештар аз ҳама вилояти Бағлон осеб дидааст. (видео)
- Муҳоҷирони "депортшуда" чӣ ҳол доранд? Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав сабаб шуд, ки мақомоти Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ба ин кишвар роҳ надиҳанд ва ё аз қаламрави худ “депорт” кунанд. Аксар муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд, бекоранд ва намедонанд зиндагии хонаводаро чӣ гуна таъмин кунанд. (видео)
- Кай дар Тоҷикистон иқтисоди сабз дастболо хоҳад шуд? Коршиносон исрор меварзанд, ки ба ин зудиҳо Тоҷикистон наметавонад аз истифодаи ангишт даст кашад. (видео)
- Манъи вуруд ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ду баробар бештар шудааст. (видео)
- Хонаҳои фурӯрехта ва мардуми саргардон. Оқибати сел дар Сурхоб (видео)
- Русия мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро қабл аз сафарашон дар Тоҷикистон тафтиш кунад. (видео)