Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон барномаи ҳамоиши собиқ террористон ба ҷомеа қабул хоҳад шуд


Мақомот дар Тоҷикистон барномаи ҳамоиши гумонбарон дар ифторгароиву террризмро ба ҷомеа қабул карданӣ ҳастанд.

Баррасии ин барнома рӯзи 31 май дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт, ки бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар хабари расмии вебсайти президенти Тоҷикистон омадааст, дар ин ҷаласа “лоиҳаи Қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” муҳокима гардида, қарори дахлдор қабул шуд”.

Шарҳ ё ҷузиъёти аз ин беш нашр намешавад ва маълум нест мушаххасан сухан дар бораи кадом гурӯҳи шаҳрвандон меравад. Ҳамчунин маълум нест, ки оё ба ин гурӯҳ зиндониҳои аз майдонҳои ҷанг баргадонидашуда ҳам дохил мешаванд ё на.

Вале аз он ки ин мавзӯъ дар гузашта ҳам мавриди сӯҳбат будааст, эҳтимол меравад дар навбати аввал манзур кӯдакон ва занони аъзои оилаҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, ки ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Баъди соли 2018 мақомот беш аз 300 занону кӯдаконро аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон баргардониданд ва гуфтанд, ин гурӯҳи шаҳрвандон бояд бо барномаҳои барқароршавии иҷтимоиву равонӣ ва ҳам ҳамоиш ба ҷомеа фаро гирифта шаванд.

Ин баргаштаҳо дар маҷмӯъ аз чор то даҳ соли гузашта дар берун аз Тоҷикистон дар қаламравҳои зери назари ҷангҷӯёни ДОИШ, мухолифони онҳо ваё урдугоҳҳои паноҳандагону зиндонҳо ба сар бурдаанд.

Инҳо ба гурӯҳи афроде шомил мешаванд, ки дар қаламравҳои кишварҳои бегонае қарор доштанд, ки он ҷо амалиёти ҷангӣ ҷараён дошт ва бар асоси қонунҳои Тоҷикистон метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шаванд.

Зарурати қабули барномаи ҳамоиши ин гурӯҳ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дар гузашта намояндагони ташкилоти башардӯстонаи мисли СММ ҳам таъкид кардаанд.

XS
SM
MD
LG