Ссылки доступа

Сатҳи озодии баёнро дар Узбекистон буҳронӣ номиданд


Узбекистон дар раддабандии созмони ҳомии ҳуқуқи «Article-19», ки қароргоҳаш дар Бритониё аст, дар миёни 161 кишвари дунё мақоми 132-умро касб кардааст.

Созмон бо вуҷуди як зина боло рафтани мавқеи Узбекистон дар раддабандии нави озодии баён нисбат ба соли гузашта онро дар миёни кишварҳое ҷой додааст, ки «озодии баён дар онҳо дар вазъи буҳронӣ қарор дорад.

Тибқи раддабандӣ, сатҳи озодии баён дар Узбекистон назар ба Қирғизистон (зинаи 113)-у Қазоқистон (120) бадтар ва нисбат ба Тоҷикистон (зинаи 151)-у Туркманистон (157) беҳтар аст.

Сатҳи озодии баён дар Дания, Швейтсария, Шветсия, Белгия ва Эстония беҳтарин ва дар Кореяи Шимолӣ бадтарин гуфта шудааст.

Таҳиягарони раддабандӣ сатҳи озодии баёнро дар кишварҳо бар асоси 25 нишондҳанда, аз ҷумла сензура дар Интернету расонаҳо, озодии динӣ, озодӣ дар доираҳои илмию фарҳангӣ ҷой додаанд.

XS
SM
MD
LG